Январ 29, 2022 12:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои барқарории интернет дар вилояти Бадахшон

Теъдоде аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки иртиботи интерентӣ дар вилояти Бадахшонро барқарор созад.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, дар ин баёния, ки намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башарии Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Беларус, Булғористон, Белгия, Украин, Гурҷистон, Русия, Полша, Молдова, Мақдунияи Шимолӣ, Шветсия, Қирғизистон, Қазоқистон, Норвегия, Ҳоланд ва Литва имзо кардаанд, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста шуда, ки ҳарчӣ зудтар барои барқарории дубораи иртиботи интерентӣ дар вилояти Бадахшон иқдом кунад.

Иртиботи интерентӣ дар ин минтақа пас аз таҷамуи эътирозии рӯзҳои 25 то 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз муътаризон шуд, қатъ мебошад.

Аз дидгоҳи ин созмонҳо набуди интернет латмаи шадиде ба бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, бонкӣ ва молӣ, хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ва омӯзишӣ ворид месозад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп