Шиносоии 18 мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 18 бемори каронаии дигар дар 24 соати гузашта хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 18 мавриди бемори шиносоӣ шуда, теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 283 нафар расид, ки аз ин теъдод 17 ҳазору 78 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Теъдоди фавтиҳои беморони каронаӣ дар Тоҷикистон ҳамон 124 нафари қаблист.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то кунун 4 миллиону 355 ҳазору 774 нафар дар ин кишвар воксани карона тазриқ кардаанд, ки баробар бо 75 дарсад аз ҷамъияти болои 18 сол аст.
Ҳамчунин 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар муодили 63 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли Тоҷикистон дози дуввуми воксани карона дарёфт кардаанд.
Бар асоси ин барнома, бояд 5 миллиону 828 ҳазору 301 нафар афроди болои 18 соли ин кишвар воксани карона тазриқ кунанд.
Бештар бихонед:
Сукути вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди вазъияти мубталоён ба карона