Рақобати ҳафт боксёри Тоҷикистон барои касби нишони тилло
Ҳафт боксёри Тоҷикистон барои касби медали тилло рақобат мекуананд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, ҳафт боксёри зери 22 соли тоҷик барои касби нишони тилло дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси соли Осиё дар шаҳри Тошканд пойтахти Узбакистон рақобат мекунанд.
Чаҳор боксёри тоҷикистонӣ дар мусобиқоти нимаи ниҳоӣ нишони бириҷ касб карданд.
Дар мусобиқоти нимаи ниҳоӣ бахши занон Қосимова Сумая дар вази 48 килограм бидуни мубориза пируз шуд ва Ҳикору Коту ҳарифи ӯ аз Ҷопон аз мусобиқа канор рафт.
Дигар варзишкорони зан, Нозимова Малика ва Холова Ҳусния ҳарифони худро шикаст доданд ва ба нишони биринҷ даст ёфтанд.
Дар бахши мардон низ Акбарали Абдураҳмонзода дар вазни 51 килограм, Болтуов Абдулмолик дар вазни 75 килограм, Салимов Некрӯз дар вазни 80 килограм ва Ҳайитов Шаҳбоз дар вазни 86 килограм барои касби медали тилло бояд ба масофи ҳарифони худ бираванд.
Ҳамчунин Раҳимов Хусравхон дар вазни 57 килограм ва Аҳдодов Расул дар вазни 67 килограм дар нима ниҳоӣ шикаст хурданд ва ба нишони биринҷ даст ёфтанд.
190 боксёр аз 12 кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси зери 22 соли Осиё ҳузур доранд.