Ноябр 17, 2016 10:19 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳадди хатарнок расид

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки қарзи хориҷии ин кишвар ба 2 миллиарду 276 миллион доллар расидааст, ки ҳадди ниҳоӣ ба ҳисоб меояд.

     Ба гузориши хабарнигори “Радио тоҷикӣ”, Абдуссалом Қурбониён, Вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми пешниҳоди тарҳи буҷаи давлатии ин кишвар ба Маҷлиси намояндагон, гуфтааст, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, мизони қарзи хориҷии ин кишвар ба 2 миллиарду 276 миллион доллар расида, ки ҳаҷми он ба 35,6 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

    Ба гуфтаи Қурбониён, ин рақам шохиси номатлуб барои Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии ин қарзҳои хориҷӣ набояд аз 40 дарасд аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар фаротар равад, ки Тоҷикистонро бо хатари варшикастагӣ рӯбарӯ мекунад.

   Вазири молияи Тоҷикистон барномаи қарзи берунаи давлати Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019, 58 барнома ва 98 созишномаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба таъкиди вазири молия бештар ба бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ равона хоҳанд шуд. Ҷаноби Қурбониён афзуд, муҳлати қарзҳо аз 20 то 40 сол ва фоизи онҳо аз 0,15 то 2 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ҳеч ниҳоди давлатӣ ҳақ надорад бидуни мувофиқати ҳукумати марказӣ, иқдом ба дарёфт қарзи хориҷӣ намояд.

   Бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, мизони қарзи хориҷии ин кишвар дар соли гузаштаи  2015, беш аз 2 миллиарду 194 миллион доллар расида буд, ки баробар бо 27.9 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ, арзёбӣ мешавад.