390 миллион доллар арзиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркия дар соли 2021
(last modified Sun, 30 Jan 2022 08:55:37 GMT )
Январ 30, 2022 13:55 Asia/Dushanbe
  • 390 миллион доллар арзиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркия дар соли 2021

Сафири Тоҷикистон дар Туркия эълом кард арзиши муомилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2021 ба 390 миллиону 500 ҳазор доллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷиикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистоншраф Гулов дар мусоҳиба бо хабаргузории Анатоли гуфт : Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Туркия 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Вай таъкид кард таи 30 соли барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия 70 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, омӯзишӣ,фарҳангӣ ва гардишгарӣ имзо шудааст .
Сафири Тоҷикистон дар Туркия  лағви раводиди сафари шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон аз июли соли ҷории 2022-ро низ аз ҷумлаи иқдомоти муҳим барои тавсеъаи гардишгарӣ миёни ду кишвар унвон кард .

Бештар бихонед :