Сохти маркази озоди тиҷорӣ дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон
Маркази муштараки озоди тиҷорӣ байни ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбекистон сохта хоҳад шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Дилмурод Ҷумъабоев- сухангӯи раёсати вилояти Фарғонаи Узбекистон гуфт : Ин маркази тиҷорӣ ба манзури рушди тиҷорати марзӣ миёни ду кишвар сохта хоҳад шуд.
Ӯ афзуд : Сармоягузорони тоҷику узбак дар ин тарҳ саҳми молии баробар доранд.
Вай изҳор кард воҳидҳои тиҷорӣ дар ин марказ дар ихтиёри тоҷирони Тоҷикистон ва Узбакистон барои арзаи маҳсулоти қарор дода хоҳад шуд .
Ин маркази тиҷорӣ дар наздикии гузаргоҳи марзии Андархон дар марзи муштараки вилояти Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Узбекистон сохта мешавад. Ин минтақа яке аз пуртараддудтарин гузаргоҳҳо миёни ду кишвар аст.