Январ 30, 2022 15:41 Asia/Dushanbe
  • Поймолсозии тавофуқҳо сабаби даргириҳои охир дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон поймолсозии тавофуқҳои қаблӣ бо Қирғизистонро сабаби даргириҳои охири марзӣ донист.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик,Сайидмуъмин Ятимов пас аз дидори сесоата бо Қамчибек Тошиев, ҳамтои қирғизистонии хеш, ки рӯзи шанбе 29 январ баргузор шуд гуфт: Поймолсозии тавофуқҳои қаблӣ далели аслии бурузи низоъ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон аст .

Вай таъкид кард барои барқарории оромиш дар марз ва идомаи музокирот барои аломатгузории навоҳии марзии муштараки ду кишвар зарурат дорад, ки тарафҳо тавофуқоти ба даст омадаи аввали моҳи майи соли 2021-ро ба таври комил иҷро кунанд .
Сайидмуъмин Ятимов афзуд: Зеро дар ин тавофуқот сохти ду роҳи ҷудогона дар минтақаи мавриди муноқишаи ду кишвар дар назар гирафта шуда буд, ки метавонист заминаи ҳаракати озодонаи васоили нақлия ва мусофирон бидуни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистонро фароҳам кунад . Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор дошт, аммо бо коршикании тарафи Қирғизистон ин тафоҳумнома ҳанӯз иҷро нашудааст .

Бар асари даргирии шомгоҳи 27 январ дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 2 шаҳрванди тоҷик кушта ва 10 низомӣ ва сокинони ғайринизомии ин минтақа захмӣ шуданд.
Тарафи Қирғизистон муддаӣ аст, ки 14 низомии ин кишвар дар ин даргирӣ захмӣ шудаанд .



Бештар бихонед :