Январ 30, 2022 19:55 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии муштзани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд

Давлат Болтаев, муштзани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии зери 22 соли Осиё дар Тошканд, пойтахти Узбекистон ба медоли тилло даст ёфт.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин муштзан дар мусобиқоти финоли қаҳрамонии Осиё дар Тошканд бо пирӯзӣ бар Рустам Урусбек Уғлӯ, намояндаи Қирғизистон медоли тиллои ин рақобатҳо дар вазни 92 килограмро ази он худ кард.

Гуфта мешавад, ки 6 муштзани дигари Тоҷикистон дар финоли ин рақобатҳо аз варзишкорони дигаи кишварҳо шикаст хӯрда ва ба медоли нуқра расидаанд. Ҳамчунин 4 муштзани тоҷик низ муваффақ ба касби медолҳои бурунз шудаанд.

190 муштзан аз 12 кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси зери 22 соли Осиё дар Тошканд ҳузур доранд.

 

Барчасп