Тоҷикистон кишвари хатарнок барои гардишгарон?
Коршиносони ширкати байналмилалии “International SOS и control risks”, 4 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро барои гардишгарони хориҷӣ хатарнок тавсиф кардаанд, ки Тоҷикистон низ дар миёни ин ҷумҳуриҳо қарор гирифтааст.
Ба гузориши сойти “Спутник”, дар ин гузориш аз Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон ба унвони 4 кишвари хатарнок барои гардишгарони хориҷӣ ном бурда шудааст.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар ин 4 кишвари Осиёи Марказӣ дар зоҳир барои хадамоти дармонии гардишгарони хориҷӣ шароит муҳайё мебошад. Аммо мумкин аст барои гардишгарон хориҷӣ дорӯҳои муҳлати истифодаашон гузашта ва ғайриқобили истифодаро таҷвиз (пешниҳод) намоянд, ки ба саломатии ин афрод зиёнбор хоҳад буд.
Бар асоси ин гузориш, дар ин 4 кишвар имкони мубтало шудан ба бемориҳои масирӣ (сироятӣ) монанди малария, тиф, вабо ва амсоли он вуҷуд дорад.
Мақомоти Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон мегуянд, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз ҳисоби вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин ҷумҳурӣ, ба буҷаи ҳукумати ин кишвар, 82 миллион доллар даромад ворид шудааст.