Январ 31, 2022 13:28 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи нуриҳои минералии Хатлон имсол фаъолияти худро оғоз мекунад

Раиси вилояти Хатлон эълом кард, корхонаи нуриҳои минералӣ пас аз 10 сол таътилӣ, имсол фаъолияти худро дубора оғоз мекунад.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Қурбон Ҳакимзода дар ҳошияи баргузории ҷашни сада дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон гуфт, ин корхона пас аз бозсозии таҷҳизот омодаи роҳандозӣ аст.

Вай таъкид кард, бозсозии хати лӯлаи интиқоли газ аз Узбакистон ба корхона низ озмоиш шудааст ва сӯхти мавриди ниёзи ин маркази тавлидиро таъмин хоҳад кард.

Мақомоти шаҳри Леваканд дар вилояти Хатлон бидуни ифшои номи молики ҷадиди ин корхона гуфтанд, ин маркази тавлидӣ 97 дарсад аз қарзи худро бобати маош ва дастмузди коргарон пардохт кардааст ва то шаш моҳи дувуми соли ҷорӣ бақияи қарзҳоро низ пардохт хоҳад кард.

Ҳамчунин 200 коргари ин корхона пас аз 10 сол дубора кори худро дар ин воҳиди тавлидӣ оғоз мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли ҷорӣ қимати як киса куди шимиёӣ, ки дар соли 2021 камтар аз 250 сомонӣ буд, акнун ба 420 сомонӣ расидааст.

 

Бештар бихонед: