Январ 31, 2022 19:57 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 20 милларду 624 миллион килават/соат барқ дар Тоҷикистон

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз тавлиди 20 миллиарду 624 миллион килават/соат барқ дар соли 2021 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Далер Ҷумъа дар нишасти хабарии рӯзи душанбе 31 январи соли ҷорӣ мақомоти ин вазорат гуфт, ки мизони тавлиди барқ дар муқоиса бо соли 2020 афзоиши 853 миллион киловат/соатро нишон медиҳад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар соли 2021 ба ду кишвар Узбекистон ва Афғонистон 2 милларду 439 миллион киловат/соат барқ содир шуда аст, аз ин мизон 1 миллиарду 213 киловат/соат барқ ба Афғонистон мунтақил шудааст.

Аммо Афғонистон аз Узбекистон 33 милиондоллар бобати барқи дарёфтӣ, қарздор мебошад.

Ҳамчунин дар соли 2021 бахши хонагии Тоҷикистон ба маблағи 3 миллиарду 113 миллион сомонӣ ҳазинаи барқро пардохт кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2020 наздик ба 385 миллион сомонӣ бештар мебошад.

 

Барчасп