Эъломи далели афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон
Далели афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон мушаххас шуд.
Мудири идораи рушди Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон эълом кард, далели афзоиши қимати орд дар кишвар, тағйири нархи он дар Қазоқистон, кишвари содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Саидалӣ Зарифзода гуфт, соли 2021 Тоҷикистон 1 миллион тон гандум ба арзиши молии 265 миллион доллар аз Қазоқистон ворид кард.
Вай афзуд, аммо Тоҷикистон қаблан барои ҳар тон гандуми воридотӣ аз Қазоқистон 240 то 250 доллар ҳазина мекард, ки ин мизон дар моҳи сентябри порсол ба 285 доллар афзоиш ёфт.
Мудири идораи рушди Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳор дошт, аз ин рӯ, қимати як кисаи 50 килоии орд дар бозорҳои Тоҷикистон, ки пеш аз ин 250 сомонӣ буд, дар нимаи дувуми соли 2021 ба беш аз 300 сомонӣ расид.
Ӯ идома дод, ҳамчунин соли 2021 ҳудуди 1 миллион тон гандум дар Тоҷикистон бардошт шуд.
Тоҷикистон солона ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад, ки ниме аз ин маҳсулро аз Қазоқистон таъмин мекунад.
Бештар бихонед:
- Коҳиши бардошти гандум дар Қазоқистон ва таъсири манфии он дар бозори Тоҷикистон
- 17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон саҳми сӯхт, гандум ва орд
- Тоҷикистон сеюмин воридкунандаи гандум аз Қазоқистон