Ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои Олимпии зимистонии Пекин
Феврал 05, 2022 12:53 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои Олимпии зимистонии Пекин ширкат кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба даъвати расмии Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин барои ширкат дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои Олимпии зимистонии Пекин ба ин кишвар рафтааст дар ҷойгоҳи меҳманони хориҷӣ аз наздик ин маросимро тамошо кард.
Қарор аст, дар ҳошияи бозиҳои Олимпии зимистонии Пекин, Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар дидоре сатҳи феълии равобити дуҷониба ва дурнамои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чинро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Барчасп