Мардуми Тоҷикистон то соли 2030 бо оби ошомидании тоза таъмин хоҳанд шуд
(last modified Fri, 11 Feb 2022 17:22:51 GMT )
Феврал 11, 2022 22:22 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Тоҷикистон то соли 2030 бо оби ошомидании тоза таъмин хоҳанд шуд

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини сокинони ин кишвар бо оби ошомидании солим дар соли 2030 барномарезӣ кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, Тоҷиддин Исмоилов, масъули Идораи шабакаи оби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 67,1 дарсад аз сокинони кишвар аз оби ошомидании солим баҳраманд мебошанд.

Ӯ гуфт, ки акнун тарҳҳои бузурги обрасонӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба арзиши молии беш аз 73 миллиондолларӣ дар дасти иҷро мебошад.

Ба гуфтаи масъулони ин идора, қимати тамомшудаи тавлиди ҳар метри мукааб об дар Тоҷикистон 4 сомонӣ мебошад, ки ин шохис барои бахши хонагӣ 1 сомониву 9 дирам аст.

Бо ин ҳол, солҳост, ки қимати оби масрафӣ барои бахши хонагӣ тағйир наёфтаву тайи ин муддат арзиши барқ барои бахши хонагӣ дар Тоҷикистон чанд бор афзоиш ёфтааст.