1 дарсад аз ҷамъияти вилояти Суғд бекор ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i81188-1_дарсад_аз_ҷамъияти_вилояти_Суғд_бекор_ҳастанд
Раиси идораи кор ва муҳоҷирати вилояти Суғд гуфт : Фақат 1 дарсад аз ҷамъияти ин минтақа бекор ҳастанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 13, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • 1 дарсад аз ҷамъияти вилояти Суғд бекор ҳастанд

Раиси идораи кор ва муҳоҷирати вилояти Суғд гуфт : Фақат 1 дарсад аз ҷамъияти ин минтақа бекор ҳастанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ,Шермуҳаммади Нодирӣ дар нишасти хабарӣ гуфт : Дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 8 ҳазор нафар дар идороти корӣ сабти ном кардаанд, ки ин теъдод муъодили 1 дарсад аз ҷамъияти дорои шароити кори шимоли Тоҷикистон аст.

Вай далели коҳиши теъдоди афроди бекор дар вилояти Суғдро баргузории озмунҳои истихдомӣ барои ҷазби коргар ва муҳоҷирати сокинони ин минтақа ба Русия унвон кард .
Ба гуфтаи ин масъули идораи кор ва муҳоҷирати вилояти Суғд дар соли 2021 беш аз 181 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа барои кор ба Русия муҳоҷират карданд .