Ноябр 18, 2016 19:28 Asia/Dushanbe

Ҷумҳурии халқии Чин дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 12 посгоҳ ва бурҷи дидабонӣ барои марзбонони тоҷик бунёд хоҳад кард.

Ба гузориши Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, хабарнигори радиои тоҷикӣ аз Душанбе, Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни муаррифии ин созишнома дар порлумон гуфт, дар чорчӯби ҳамкориҳои амниятӣ, Чин тааҳҳуд кардааст, ки дар марҳилаи аввал 12 посгоҳ ва бурҷи дидабонӣ дар марзи миёни ин кишвар ва Афғонистон, ба унвони кӯмаки бебозгашт бисозад.