Омодагии Донишгоҳи байналмилалии Малайзия барои пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон
Донишгоҳи байналмилалии Малайзия барои пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон эъломи омодагӣ кард.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии Ал-Бухории Малайзия барои пазириши 30 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар давраи коршиносии аршад эъломи омодагӣ кард.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ин донишгоҳ метавонад донишҷӯёни тоҷикро бар асоси бурсия дар риштаҳои мудирияти тиҷорат ва бозор, иқтисод ва молия, роёна, равобити байналмилал ва расонаҳои хабарӣ пазириш кунад.
Нурафшонии баландтарин бурҷи Малайзия бо рангҳои парчами Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Малайзия дар масири густариши равобити парлумонӣ
Аммо ба далели 12 сола будани низоми омӯзишии Малайзия, донишҷӯёни тоҷик бояд як сол давраи пешдонишгоҳиро дар ин кишвар тай кунанд.
Ҳамчунин фарогирии забони англисӣ барои афроде, ки довталаби вуруд ба давраи коршиносии аршади Донишгоҳи байналмилалии Ал-Бухории Малайзия ҳастанд, илзомӣ аст.