Афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2021
(last modified Tue, 15 Feb 2022 17:16:21 GMT )
Феврал 15, 2022 22:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2021

Мудири ожонси давлатии содироти Тоҷикистон аз афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ин кишвар дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Шавкат Бобоев дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар соли 2021 барои бори нахуст ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба 2 милларду 17 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 51.5 дарсад бештар мебошад.

Ба гуфтаи вай беш аз 41 дарсади ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2021 фулузоти рангӣ ва гавҳарсангҳо ташкил дода аст.

Ҳамчунин содироти нахи пахта, симент ва алюминюм дар соли 2021 афзоиш ёфта аст.

Аз сӯи дигар содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 ба беш аз 208 ҳазор тонна расид, ки арзиши молии он 36.6 миллион доллар аст, ки дар муқоиса бо соли қабл афзоиши 80 дарсадиро нишон медиҳад.

Мақсади аслии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2021 Русия, Қазоқистон, Чин ва кишварҳои аврупоӣ буданд.

 

Бештар бихонед: