Коҳиши қарзи барқи Афғонистон ба ширкати Барқи Тоҷик
(last modified Tue, 15 Feb 2022 17:20:00 GMT )
Феврал 15, 2022 22:20 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши қарзи барқи Афғонистон ба ширкати Барқи Тоҷик

Раиси ширкати Барқи Тоҷик эълом кард, қарзи ширкати барқи Афғонистон ба Тоҷикистон дар ибтидои соли ҷорӣ 6 миллион доллар коҳиш ёфта аст.

Бо тасалути Толибон бар Афғонистон, ширкати барқи ин кишвар эълом кара буд ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон ба хотири барқи дарёфтӣ қарздор шуда ва хостори таъвиқи пардохти он шуда буд, пештар Кобул ва Душанбе бар сари содироти солона 1.2 миллиард киловат саот барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тавофуқ кара буданд.

Раиси ширкати Барқи Тоҷикистон изҳор кард, Барқи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҳаҷми кам ва дар ҳудуди 40 мегават соат дар рӯз ба Афғонистон арза мешавад ва дар давраи баҳор-тобистон (май-сентиябр), ки Тоҷикистон  барқи зиёде  дорад, ҳаҷми арзаи барқ ба 400 меговат соат афзоиш хоҳад ёфт.

Асозода таъкид кард, мутобиқи тавофуқ бо шикарти барқи Афғонистон барои ҳар як киловат соат барқ 4.67 сент пардохт мекунад.

Бино бар омори ширкати Барқи  Тоҷик,  Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 635.9 миллион сомонӣ муъодили 56.3 миллион доллар ба Афғонистон барқ содир карда аст.

 

Бештар бихонед: