Феврал 16, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Баррасии равобити Тоҷикистон ва Русия

Нахуствазири Тоҷикистон ва муовини нахуствазири Русия сатҳи феълии равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар дидори тасвирии Қоҳир Расулзода ва Алексей Аверчук роҷеъ ба иҷрои тасмимоти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷориву фарҳангии Тоҷикистон ва Русия баҳсу табодули назар шуд.

Тарафҳо сатҳи феълии равобити Тоҷикистон ва Русия ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои саноатӣ, энержӣ ва сӯхт, сохти корхонаҳои муштарак, кишоварзӣ, омӯзишӣ ва дармонӣ, ҳамлунақли ҳавоӣ ва муҳоҷиратро низ баррасӣ карданд.

Қоҳир Расулзода ва Алексей Аверчук бо ибрози ризоият аз густариши муносиботи ду кишвар тайи солҳои ахир бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ба унвони ду муттаҳиди роҳбурдӣ дар тамоми заминаҳо таъкид карданд.

 

 

 

Барчасп