Феврал 16, 2022 19:56 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти футсоли Кофо: Тими миллии Афғонистон Тоҷикистонро шикаст дод

Тими миллии футсоли зери 19 соли Афғонистон тавонист Тоҷикистонро бо натиҷаи 5 бар 1 шикаст диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин бози дар чорчуби рақобатҳои қаҳрамонии футсоли Осиёи Марказӣ дар кишвари Қирғизистон баргузор шуд.

Маҳмуди Сайидӣ, сармурабии тими миллии футсоли зери 19 соли Афғонистон мегуяд, ҳоло тамоми тамаркуз руӣ охирин бозии гуруҳӣ дар баробари Узбакистон хоҳад буд, ки қарор аст панҷшанбе баргузор шавад.

Тими миллии футсоли зери 19 соли Афғонистон пеш аз ин низ Қирғизистон мизбони ин рақобатҳоро 5 бар 3 шикаст дода буд, аммо дар аввалин бозии ин тим 10 бар 3 дар барбари Эрон мағлуб шуд.

Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иттиҳодияе аз федератсияҳои футболи 6 кишвар (Эрон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон) дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар соли 2014 ташкил шуд.

 

Барчасп