Ҷойгоҳи 147 Тоҷикистон дар радабании шохиси озоди иқтисодӣ
(last modified Thu, 17 Feb 2022 08:59:25 GMT )
Феврал 17, 2022 13:59 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи 147 Тоҷикистон дар радабании шохиси озоди иқтисодӣ

Тоҷикистон дар радабандии ҷадиди "The Heritage Foundation"-и Амрико дар мавриди шохиси озоди иқтисодӣ дар оғози соли 2022 мақоми 147-ро касб кард.

Ин рутбабанди дар байни 177 кишвари ҷаҳон анҷом шуда аст.

Ба гузориши ТоҷВик, Тоҷикистон дар ин радабанди дар миёни кишварҳо қарор гирифта аст, дар солҳои ахир озодии иқтисодиро ба шидат маҳдуд карданд.

Аз нигоҳи коршиносон ин бунёд дар 5 соли ахир сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфта ва озодиҳои бахши хусуси маҳдудтар шуда аст.

Қавонини фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, мизони ҳимояти давлатҳо аз иқтисод, танзими фаъолияти бахши хусусӣ ва озодии фаъолиятҳои тиҷоратӣ, аз ҷумлаи меъёрҳои муҳим дар ин радабандӣ буд.