Феврал 17, 2022 13:59 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 28 дарсадии тавлиди алюминӣ дар Тоҷикистон

Тавлиди алюминии Тоҷикистон дар соли гузашта 28 дарсад коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости, дар соли 2021 дар корхонаи корхонаи алюминии Тоҷикистон 61 ҳазор тонна маҳсул тавлид шуд, ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 24 ҳазор тонна камтар аст.

Мақомоти ин ширкат иллати коҳиши тавлиди маҳсулотро таъхир дар расидани маводи хом ва таъмин нашудани таҷҳизот барои бозсозии корхона унвон мекунанд.

Гуфта мешавад дар соли 2021 арзиши содироти 50 ҳазор тонна алюмин ба хориҷ аз ин ширкат ба 119 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 38 ҳазор тонна коҳиш дошт.

 

Барчасп