Феврал 18, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурии Олмон

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон устуворномаи худро ба раиси ҷумҳурии Олмон тақдим кард.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон устуворномаи худро ба Франк Волтер Штайнмайер, раиси ҷумҳури Олмон дар Кохи Блуа тақдим кард.

Дар ин маросим сафири Тоҷикистон салому шодбоши Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раиси ҷумҳурии Олмон иблоғ кард.

Раиси ҷумҳурии Олмон пас аз тақдими устуворнома бо сафири тозатаъйини Тоҷикистон дидор ва дар хусуси вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити дуҷониба ва ҳамчунин маҷмуае аз мавзуоти дастури кори ҳамкориҳои дуҷонибаву байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Франк Волтер Штайнмайер таъйини сафири Тоҷикистон дар ин симатро табрик гуфт ва барои вай дар кораш орзӯи муваффақият кард.