Афзоиши 7 солаи ҳукми маҳкӯмияти Хӯҷа Каримов
Муддати зиндони Хӯҷа Каримов 7сол изофа шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳукми қаблии Хӯҷа Каримов, яке аз фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дохилии ин кишвар (1992 то 1997), 7соли дигар изофа кард.
Ӯ пеш аз ин ба 14 сол зиндон маҳкӯм шуда буд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, намояндаи Додситонии кули Тоҷикистон қаблан эълом карда буд, ки ба далели вориди намудани иттиҳомоти ҷадид алайҳи Хӯҷа Каримов акнӯн дар хости 30 сол маҳкӯмият барои ӯ матраҳ шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки вай соли 2020 пас аз истирдод аз Дубай бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми куштор, гаравгонгирӣ, шиканҷа ва доштани аслиҳаи ғайримуҷоз ба 14 сол зиндон маҳкӯм шуда буд.
Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кули Тоҷикистон 15 нафар пас аз судури ҳукми аввалия алайҳи Хӯҷа Каримов шикоят карданд.
Вай дар соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард ва тайи 20 сол дар Малайзия ва Дубай ба тиҷорат машғӯл буд, ки бо кумаки Полиси байналмилал ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон боздошт ва ба Душанбе истирдод шуд.