Феврал 19, 2022 18:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори котиби якуми Сафорати Тоҷикистон бо муовини якуми утоқи бозаргонии Исфаҳон

Имрӯз, 19 феврали соли 2022 Маъруфҷон Абдураҳмонов, котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва Баҳроми Субҳонӣ, муовини якуми Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Исфаҳони Эрон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Ин дидор дар Исфаҳон, дар ҳошияи понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон анҷом шуд.  

Ҷонибҳо дар ин мулоқот мавзӯи иртиқои равобити тиҷорӣ ва бозаргониро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин ду тараф тавсеа ва густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва устони Исфаҳонро муҳим арзёбӣ намуданд.

Маъруфҷон Абдураҳмон ва Баҳроми Субҳонӣ

 

Ширкатҳое аз устонҳои Исфаҳон, Теҳрон, Занҷон, Озарбойҷони Шарқӣ, Ардабил, Гулистон ва Албурз дар понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон, ки беш аз 12 ҳазор метри мураббаъ фазои намоишгоҳӣ ва вусъат дорад, ҳузур ёфтанд.

Понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёӣ, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии Исфаҳон оғоз шудааст, то аввали исфандмоҳ бо рӯйкарди комилан тахассусӣ барпо хоҳад буд.

Намоишгоҳи тахассусии Исфаҳон

 

Ин намоишгоҳ ширкатҳои фаъол дар ҳавзаи таҷҳизоти озмоишгоҳӣ (маводи шимиёии озмоишгоҳӣ, васоил ва дастгоҳҳо, кобинети вижа барои озмоишгоҳҳо, шишаҳои озмоишгоҳӣ), васоилу таҷҳизоти пизишкӣ ва дандонпизишкӣ (дастгоҳҳову лавозими дандонпизишкӣ, васоили бемористонӣ, таҷҳизоти тавонбахшӣ, муҳандисии таҷҳизоти пизишкӣ, газҳои тиббӣ, маҳсулоти оптикӣ ва...), маҳсулоти муқобила бо бемории корона (тавлидкунандагони маҳсулоти спиртӣ, маводи зиддиуфуникунанда, тавлидкунандагони анвои ниқоб, дасткаш, ва...) ва таҷҳизоти ёрии таъҷилӣ ва имдоду наҷотро гирдиҳам ҷамъ карда то ҷадидтарин маҳсулоти худро дар маърази боздиди умумӣ қарор диҳанд.

 

Барчасп