Бузургдошти ҳунарманди даргузаштаи тоҷик дар Теҳрон
Маросими ёдбуди Ҳабибуллоҳ Абдурраззоқ, ҳунарманди даргузаштаи тоҷик бо ҳузури намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон ва шахсиятҳои фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, муассисаи фарҳангии ЭКО бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон ва муассисаи « Ҷузон филм » дар 24 феврал ( 5 исфанд ) маросими ёдбуди Ҳабибуллоҳ Абдурраззоқ,ҳунарманди даргузаштаи тоҷикро бо ҳузури намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон ва шахсиятҳои фарҳангӣ баргузор мекунад.
Бино ба гуфтаи Шоҳмансур Шоҳмирзо-адабпажуҳи тоҷик ва коршиноси муассисаи фарҳангии ЭКО дар ин маросим Сарвар Бахтӣ-раиси муассисаи фарҳангии ЭКО, Низомиддин Зоҳидӣ-сафири Тоҷикистон ва Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ-коргардон ва филмсози эронӣ дар мавриди зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии Ҳабибуллоҳ Абдурраззоқ суҳбат хоҳанд кард . Илова бар гиромидошти ёду хотираи ин ҳунарманди саршиноси тоҷик намоишгоҳи акс баргузор ва филми мустанаде аз зиндагии вай ва ҳамчунин видеоклипҳое аз суҳбатҳои дӯстону ҳамкорони он марҳум низ пахш хоҳад шуд .
Ҳабибуллоҳ Абдурраззоқ дар 30 филму сереали телевизиюнӣ аз ҷумла дар маҷмӯъаҳои телевизиюнии эронии « Дар чашми бод » ( оқо Ҳисом ) ва « Шукрона » ( саргурди полиси Тоҷикистон ) нақшофаринӣ карда ва ҳамчунин беш аз 30 намойишномаи театрро низ коргардонӣ карда буд.
Ин ҳунарманди тоҷик дар 19 январи 2021 ( 30 даи 1399 ) дар синни 84 солагӣ дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон даргузашт.