Дидори вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи ширкати байналмиллалии сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ
Феврал 20, 2022 10:43 Asia/Dushanbe
Вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи ширкати байналмиллалии сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ дидор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар дидори Файзиддин Қаҳҳорзода ва Кассандра Калберт роҷеъ ба сатҳи феълии ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои равобити Душанбе бо ин ниҳоди молӣ баҳсу табодули назар шуд.
Тарафҳо мавзӯи ҳимояти молии ширкати байналмиллалии сармоягузорӣ аз фаъолияти бахши хусусӣ, додани сабукиҳои молӣ, зарурати ислоҳот дар низоми молиётӣ ва коҳиши суди қарзҳои банкӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Барчасп