Феврал 20, 2022 21:14 Asia/Dushanbe
  • Танҳо 10 дарсади кӯдакон дар вилояти Хатлон ба кӯдакистон мераванд

Мудири идораи маъорифи вилояти Хатлон аз фарогирии танҳо 10 дарсади аз кӯдакони ин минтақа дар кӯдакистонҳо хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Олим Ашуралӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар вилояти Хатлон 408 ҳазору 444 кӯдаки то 6 сола вуҷуд дорад, ки танҳо 41 ҳазору 767 нафари онҳо ба кӯдакистон мераванд.

Мудири идораи маъорифи вилояти Хатлон таъкид кард, ки дар ноҳияҳои вилояти Хатлон болотарин мизони фарогирии кӯдакон дар марказҳои рушд ва кӯдакистон 22 дарсад ва поёнтарини он 3 дарсад мебошад.

Дар ҳоле, ки дар ин минтақа аз ҷануби Тоҷикистон 850 маркази рушд ва 159 кӯдакистон фаъолият мекунад, дар ҳоле, ки дар солҳои ахир барои сохт ва баҳрабардорӣ аз марказҳои рушд ва тарбияти кӯдакон дар вилояти Хатлон сармоягузории молӣ афзоиш ёфта аст.

 

Барчасп