Афзоиши 27 дарсадии сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i81658
Сафари гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, соли 2021 дар муқоиса бо соли 2020 ҳудӯди 27 дарсад афзоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 22, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 27 дарсадии сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Сафари гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, соли 2021 дар муқоиса бо соли 2020 ҳудӯди 27 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши Форс, бо вуҷӯди маҳдӯдиятҳои коронаӣ дар соли 2021 дар қиёс бо як соли гузашта, теъдоди гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон 27 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тайи соли гузаштаи милодӣ ҳудӯди 517 ҳазор гардишгар ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки нисбат ба соли 2020 ҳудуд 107 ҳазор нафар бештар буд.

Беш аз 468 ҳазор нафар ё 90.4 дарсад аз теъдоди кулли гардишгарони хориҷиро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ташкил медиҳанд.

Тайи  соли гузаштаи милодӣ, як миллиону 235 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ ба хориҷ мусофират кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2020 рушди 70 дарсадӣ доштааст.