Феврал 22, 2022 13:08 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 43 дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2021

Мудири Идораи омори вилояти Суғд аз коҳиши 43 дарсадии муомилоти тиҷорӣ бо Қирғизистон дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ҳокимбек Накҳатзода гуфт, ки умдаи муомилоти тиҷории Тоҷикистону Қирғизистон аз қаламрави вилояти Суғд анҷом мешуд, ки ба далели баста шудани марзи муштарки ду кишвар аз баҳори соли 2021 содирот 43 дарсад ва воридот 56 дарсад дар муқоиса бо соли қабл коҳиш ёфт.

Аз ин рӯ, ҳаҷми муомилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2021 ба 25 миллиону 100 ҳазор доллар расид, ки беш аз 3 миллиондоллар содирот ба Қирғизистон ва 21 миллиону 800 ҳазор доллар воридот аз ин кишвар ба Тоҷикистон буд.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон мева ва сабзиҷот, барқ, мебел содир мекард ва аз кишвари ҳамсоя низ ба вилояти Суғд, сӯхт, маҳсӯлоти петрошимӣ, ангиштсанг, чӯб ва тахта ва куди шимиёӣ ворид мешуд.

Ба далели коҳиши қобили мулоҳизаи воридот аз Қирғизистон қимати ин навъ коло ва маҳсӯлот дар вилояти Суғд ба шиддат афзоиш ёфт.

Бештар бихонед:

Барчасп