Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи Созмони Миллал
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i81712-Дидори_вазири_умури_хориҷаи_Тоҷикистон_бо_намояндаи_Созмони_Миллал
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири минтақаи дафтари ҳамоҳангии тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 23, 2022 11:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи Созмони Миллал

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири минтақаи дафтари ҳамоҳангии тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузори радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Гви Йол Сон, мудири дафтари минтақаии ҳамоҳангии тавсеаи Созмони Миллал дар умури кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ мулоқот кард.

Дар ин дидор ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид, ба вижа мавзуъоти марбут ба иқдомоти ин Созмон дар заминаи тавсеаи пойдор ва фаъолият дафтарҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ҳавзаҳои авлавиятдор баҳсу баррасӣ шуд.