Феврал 23, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Маҷмаи қонунгузории Аврупо

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Маҷмаи қонунгузории Аврупо дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Дэвид Макаллистер раиси Кумитаи равобити байналмиллалии Парлумони Аврупо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидори сатҳи феълии равобити Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар бахшҳои мухталиф баррасӣ шуд.

  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо дар шароити густариши бемории Ковид-19 ва кумакҳои иттиҳодия ба Тоҷикистон қадрдонӣ кард.
  • Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварии ҷойгоҳи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар саиёсати хориҷии Тоҷикистон аз раванди тавсеа ва сатҳи кунунии равобит дар ҳавзаҳои мухталиф ибрози ризоият кард.

Ҳар ду тараф бо ишора ба нақши муҳими парлумонҳо дар тавсеа ва густариши равобит, ба саҳми қобили таваҷҷуҳи комиссиюнҳо ва кумитаҳои ҳамкориҳои байни маҷлисҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар тақвияти ҳамкориҳои дарозмуддат ишора карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп