4 миллион нафар дар Тоҷикистон ваксинаи корона тазриқ карданд
Вазири тандурустии Тоҷикистон аз тазриқи ваксинаи корона ба 4 миллион нафар аз сокинони болои 18 сол хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон бино бар омори ин Вазоратхона то 22 феврали соли ҷорӣ 4 миллиону 282 ҳазору 162 шаҳрванди (89 дарсади) кишвар ваксинаи корона тазриқ карданд.
Ҳамчунин ба 4 миллиону 238 ҳазору 526 нафар (75 дарсад) дози дуввуми ваксинаи корона тазриқ шуда аст.
Воксани Розӣ – дувумин воксани кӯдакон дар ҷаҳон
5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
Фароянди сабти ҷаҳонии воксани "Баракат"
Гуфта мешавад 275 ҳазору 230 нафар низ дози севвуми ваксинаи корона дарёфт карданд.
Тибқи тасмими ситоди марказии пешгирӣ аз густариши корона дар Тоҷикистон ваксинасиён барои шаҳрвандони 18 сол ба боло дар ин кишвар иҷборӣ аст.
Бар асоси эъломи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ибтидои густариши корона 17 ҳазору 369 нафар мубтало ва 124 нафар бар асари ибтило ба корона ҷон бохтанд.