28 феврал - оғози додгоҳи муҳокимаи Чоршанбе Чоршанбиев дар шаҳри Душанбе
Нахустин ҷаласаи додгоҳии муҳокимаи парвандаи Чаҳоршанбе Чоршанбиев, варзишкори ихроҷии тоҷик аз Русия, ки дар Душанбе боздошт шуда буд, дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Ба гузориши сомонаи "Топ ТҶ", вакили мудофеи вай эълом кард, ки муҳокимаи Чоршанбиев дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз сӯи додгоҳи Исмоили Сомонӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки зидди вай иттиҳоми даъват барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон, бо истифода аз фазои маҷозӣ матраҳ аст, ки метавонад аз 8 то 15 сол зиндонро дар пай дошта бошад, аммо вай ин иттиҳомро рад кардааст.
Додгоҳи Маскав вайро дар охири моҳи декабри соли 2021 ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомат дар ин кишвар маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон кард, ки дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд.