Феврал 23, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон солрӯзи таъсиси Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳи кулли Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар маросиме ба муносибати 29 солгарди таъсиси Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши "Ховар", Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим, ки дар кохи "Ваҳдат" баргузор шуд, бо табрики фаро расидани 29 солгарди таъсисоти Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аҳамияти таърихи эҷоди артиши миллии ин кишвар дар шароити ҷанги дохилиро ёдовар шуд.

Вай таъкид кард, ки Нерӯҳои мусаллаҳ дар солҳои сахт мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги дохилии таҳмилӣ, содиқона ба вазифаи хидмати худ ба мардум ва меҳан иодаи низоми қонуни асосӣ, тасбити вазъият, хунсосозии ифротгароён амал кард ва барои тазмини ҳокимияти қонун ва суҳлу субот дар кишвар кумаки воқеӣ доштааст.

Вай бо ишора ба вазъияти амниятии минтақа хостори афзоиши тавони размии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои дифоъ аз истиқлол, тамомияти арзӣ ва муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шуд.

23 феврал дар тақвими Тоҷикистон солрӯзи таъсиси Нерӯҳои мусаллаҳ мебошад.