Кумаки ройгони 193 миллиондолларии Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 24 Feb 2022 12:01:05 GMT )
Феврал 24, 2022 17:01 Asia/Dushanbe
  • Кумаки ройгони 193 миллиондолларии Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон

Бонки рушди Осиё кумаки ройгон ба Тоҷикистон пардохт мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Шенни Кэмпбелл, намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон ҳадаф аз ин кумаки молӣ ба Тоҷикистонро ҳимоят аз рушди бахшҳои энержӣ, сохти таъсисоти зербиноӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамлу нақл, ҳимоят аз тарҳҳои иҷтимоӣ ва муқобила бо балоёи табиӣ дар соли 2022 унвон кард .
Вай гуфт : Бар асоси барномаи Бонки рушди Осиё таи солҳои 2022 то 2024 мизони кумаки молии ройгони ин ниҳод ба Тоҷикистон ба 465 миллион доллар хоҳад расид.

Бонки рушди Осиё ҳамчунин бо ин сармоягузорӣ аз тарҳҳои тавсеаи гардишгарӣ, беҳсозии ҷодаҳо, тавсеъаи зерсохтҳои таъсисоти шаҳрӣ ва афзоиши муқовимат дар баробари балоёи табиӣ дар Тоҷикастон пуштибонӣ мекунад .
Ҳамкории Бонки рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то кунун ҳудуди 2 миллиарду 200 миллион доллар ба ин кишвар кумак карда, ки 1 миллиарду 600 миллион доллари он ройгон будааст.