Феврал 26, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳафтумин Ҳамоиши байни порлумонии Тоҷикистон ва Русия

Ҳафтумин Ҳамоиши байни порлумонии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури намояндагони маҷолиси ду кишвар баргузор шуд, Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко дар бораи нақши порлумонҳои Тоҷикистон ва Русия дар таҳкими равобити Душанбе ва Маскав дар бахшҳои мухталиф суханронӣ карданд.

Дар ин нишаст дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дари бахшҳои омӯзишу парвариш, беҳдошту дармон, кору муҳоҷират ва гардишгарӣ ва башардӯстона баҳсу табодули назар шуд.

Дар ҳамоиш ширкаткунандагон бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои порлумонии Тоҷикистону Русия барои густариши равобити ду кишвар ҳам таъкид карданд.

 

Барчасп