Тағйири раисони умури дохилии вилоятҳои Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе
(last modified Sat, 26 Feb 2022 06:50:52 GMT )
Феврал 26, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Тағйири раисони умури дохилии вилоятҳои Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармонҳои ҷудогона раисони умури дохилии 3 вилоят ва 10 ноҳияи Тоҷикистонро мансӯб кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал Шариф Назарзода аз мақоми раиси полиси шаҳри Душанбе барканор ва ба унвони раиси полиси вилояти Бадахшон мансӯб шуд.

Генерал-майор Ҳамидзода Бароталӣ Партов низ раиси полиси шаҳри Душанбе шуд.

Ҳамчунин Полковник Нозимзода Файзулло Ватан, ки токунӯн раёсати полиси шаҳри Кӯлобро бар ӯҳда дошт раёсати полиси вилояти Хатлонро бар ӯҳда гирифт.

Аз сӯи дигар раисони полиси 10 шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон ва теъдоде аз мақомоти вазорати умур дохилии ин кишвар низ барканор ва афроди дигаре ба ин мақом мансӯб шуданд.