Афзоиши 2 баробарии содироти меваи хушк аз Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Feb 2022 17:47:45 GMT )
Феврал 26, 2022 22:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2 баробарии содироти меваи хушк аз Тоҷикистон

Тоҷикистон соли 2021 содирот меваи хушкро 2 баробар афзоиш дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Тоҷикистон соли 2021, 41 ҳазору 197 тонна меваи хушк ба арзиши 15 миллиону 553 ҳазор доллар содир кард.

  • Парвиз Раҳимов, мутахассиси аршади Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон гуфт: 24 корхонаи фаровари ва бастабандии меваҳои хушк фаъолият мекунанд.
  • Вай афзуд: Аз ин теъдод панҷ корхона дар вилояти Хатлон ва бақияш дар вилояти Суғд қарор доранд.

Мутахассиси аршади Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон изҳор кард, соли 2021 ин ширкатҳо 6700 тонна мева фаровари карданд.