44 миллион доллар кӯмаки башардӯстонаи 53 кишвар ба Тоҷикистон
Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷории мелодӣ аз 53 кишвари ҷаҳон ба маблағи 44 миллиону 800 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона дарёфт кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “СА-нюз”, Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кардааст, ки тайи ин муддат 53 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маблағи 44 миллиону 800 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона ирсол кардаанд.
Дар ин миён бахши умдаи ин кӯмакҳо мутааллиқ ба Чин (27 %), Русия (21 %), Сербистон ( беш аз 8 %) мебошад.
Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин дар ин муддат Тоҷикистон аз кишварҳои Амрико, Эрон, Ҳинд, Покистон, Швейдсария, Туркия, Қазоқистон, Олмон, Дания, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Таиланд кӯмакҳои башардӯстона дарёфт кардааст.
Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл 42 кишвари ҷаҳон ба маблағи 44 миллиону 800 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона ба ин ҷумҳурӣ ирсол карда буданд.