Феврал 28, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷудо кардани 508 миллион доллар барои бозсозии роҳҳои вилояти Бадахшон

Раиси вилояти Бадахшон аз ҷудо гаштани 528 миллион доллар барои бозсозии роҳҳои минтақа хабар дод.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», Алишер Мирзонабот гуфт, из ин маблағ 204 миллион доллар барои беҳсозии роҳҳои вилояти Бадахшон ҳазина шуда ва бақияи манобеи молӣ барои бозсозии масири Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон то марзи Чин истифода мешавад.

Вай афзуд, дар тарҳи бозсозии ин масир то марзи Чин сохти 93 километр роҳи нав, бунёди 15 пули иртиботӣ ва 6 тармагир (галарея) сохта мешавад.

Раиси вилояти Бадахшон изҳор дошт, бештари ин маблағ кумаки ройгони Бонки воридот ва содироти кишвари Чин аст.

Дар вилояти Бадахшон дар ҳоли ҳозир 13 тарҳи иқтисодиву иҷтимоӣ бо сармоягузории 204 миллиону 600 ҳазор доллари давлати Тоҷикистон дар дасти иҷро аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп