Феврал 28, 2022 13:13 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина

30 шаҳрванди Тоҷикистон барои хуруҷ аз Украина худро ба марзи Лаҳистон расонданд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ин афрод гуфтанд, шабона бо қатор худро ба марзи Лаҳистон расонданд ва мунтазири дарёфти муҷаввизи вуруд ба ин кишвар ва бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд.

Онҳо таъкид карданд, мақомоти марзбонии Лаҳистон (Полша) нахуст ба шаҳрвандони Украина иҷозат медиҳанд ва дар мароҳили баъдӣ бақияи паноҳҷӯён метавонанд вориди ин кишвар шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина эълом карда буд, дар Украина ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки 101 нафар аз онон донишҷӯ ҳастанд.

Сафири Тоҷикистон дар Украина изҳор дошт, бо мақомоти теъдоде аз кишварҳои ҳамсояи Украина тавофуқ шуд, ки имкони сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон барои парвоз ба Тоҷикистонро фароҳам кунанд.

 

 

 

Барчасп