Феврал 28, 2022 21:41 Asia/Dushanbe
  • Баррасии вазъи истифодаи замин дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикисон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар мавзуъи вазъи истифода аз замин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин нишаст Ориф Хоҷазода, раиси кумитаи давлатии мудирияти замин ва нақшабардории Тоҷикистон дар бораи навъи истифода аз заминҳои мавҷуд дар ин кишвар гузориш дод.

Раиси Кумитаи давлатии мудирияти замин ва нақшабардории Тоҷикистон таъкид кард: Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектор замин вуҷуд дорад, ки аз ин мизон 682 ҳазор гектори он заминҳои кишоварзӣ мебошад, аммо дар як соли ахир масоҳати заминҳои кишоварзӣ 2000 гектор коҳиш ёфта аст.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон фуруши ғайри қонунии заминҳои давлатӣ ба шаҳвандони ин кишвар ҳамчунон идома дорад, ки бояд аз ин иқдом пешгирӣ шавад.

Дар ин нишаст ҳамчунин тарҳи ислоҳи чанд қонуни Тоҷикистон тайид ва ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар фиристода шуд.

 

Барчасп