Болобурдани ҷойгоҳи муаллим дар ҷомеъа дар дастури кори вазири нави маорифи Тоҷикистон
(last modified Mon, 28 Feb 2022 16:42:31 GMT )
Феврал 28, 2022 21:42 Asia/Dushanbe
  • Болобурдани ҷойгоҳи муаллим дар ҷомеъа дар дастури кори вазири нави маорифи Тоҷикистон

Вазири нав таъин шудаи маориф ва улуми Тоҷикистон эълом кард, ки боло бурдани ҷойгоҳи муаллимон дар ҷомеъаи ин кишвар муҳимтар ва авлавияти фаъолияти вай мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Раҳимҷон Сайидзода гуфт, ки ба масъулони ин Вазорат дастур дода аст, ки дар 10 рӯзи оянда мушкилоти бахши омӯзиш ва парваришро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Вай таъкид кард, ки барои боло бурдани ҷойгоҳи муаллимон дар ҷомеъаи Тоҷикистон бояд имтиёзоте ба ин афрод дода шавад, ки заминаи беҳбуди ваъзи маъишатии хонаводаҳои ин афродро фароҳам созад.

Ин дар ҳоле аст, ки баҳси тарки шуғл кардани муаллимон дар Тоҷикистон ва рафтани онҳо барои кор ба Русия дар ҷомеъаи ин кишвар доғ шуд ва акнун зарурияти расидагӣ ба ин қишр ва беҳбуди ваъзи зиндагии онҳо дар дастури кори давлат қарор гирифта аст.

Чанде қабл дар пайи интиқод аз фаъолияти Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар, Муҳаммадюсуф Имомзодаро аз вазифаи вазир барканор ва Раҳимҷон Сайидзода ба ин мақом таъин шуд.