Ноябр 21, 2016 10:06 Asia/Dushanbe
  • Забони русӣ дар Тоҷикистон забони давлатӣ намешавад

Мақоми парлумонии Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар ниёзе ба эътои мақоми давлатӣ ба забони русӣ вуҷуд надорад.

Ба иттилои сайти Топ, Олим Салимзода, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар вокуниш ба дархости корманди масъули Вазорати умури хориҷаи Русия мабнӣ бар зарурати эътои мақоми давлатӣ ба забони русӣ дар қаламрави кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ниёзе ба ин кор нест.

Салимзода таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) забони давлатӣ маҳсуб мешавад ва забони русӣ ба унвони забони равобити миёни милал ва ақвоми ин кишвар аз ҷойгоҳи ҳуқуқӣ бархурдор аст, бинобарин ҳеч ниёзе ба забони дуввуми давлатӣ дар ин ҷумҳурӣ вуҷуд надорад.

Баҳсҳо перомуни эътои мақоми забони дуввуми давлатӣ ба забони русӣ дар қаламрави кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд пас аз он матраҳ шуд, ки ахиран хонуми Элеонора Митрофанова, сафири маъмуриятҳои вижа дар Вазорати умури хориҷаи Русия дар нишасте дар Маскав бо унвони "Сиёсати Русия дар қиболи забони русӣ ва авзои ин забон дар ҷаҳон" бар зарурати эътои мақоми давлатӣ барои ин забон дар қаламрави кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд таъкид кард.

Вай барои тавҷеҳи ин пешниҳод, дур шудани насли ҷавони ин кишварҳо аз забони русиро матраҳ кардааст, ки барои кор ба Русия меоянд ва ба забони русӣ мусаллат нестанд.

Ин мақоми Вазорати умури хориҷаи Русия муътақид аст, ки Маскав бояд дар сиёсати хориҷии хеш дар қаламрави ҷомеаи Ҳамсуд мавзуи зарурати эътои мақоми давлатӣ барои забони русиро матраҳ кунад.

Аз сӯи дигар Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз инки дар ин кишвар нуфузи забони англисӣ дар ҳоли афзоиш аст, ба шиддат ибрози нигаронӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки таҳқиқи хабаргузории "Мониторинг Авруосиё" нишон медиҳад, ки 70 дарсади ҷавонони тоҷик бо эҳсоси зарурати рафтан ба Русия барои кор, хостори афзоиши соот ва беҳбуди шароити омӯзиши забони русӣ дар мадориси давлатии Тоҷикистон шудаанд.

Бар асоси ин таҳқиқ, як чаҳорум аз насли ҷавони то 25 соли тоҷик ба забони русӣ мусаллат нестанд.