Дидори сафирони нави Иморот ва Уммон бо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i82080
Сафирони нави Иморот ва Уммон бо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 02, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафирони нави Иморот ва Уммон бо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон

Сафирони нави Иморот ва Уммон бо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», дар дидори Музаффра Ҳусайнзода бо Муҳаммад Сайидмуҳаммад Алариқӣ, сафири ғайримуқими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (мақарри аслиаш дар Нурслтони Қазоқистон) ва Иброҳим бин Аҳмад Алмуинӣ, сафири ғайримуқими Уммон (мақарри аслиаш дар Теҳрон) дар бораи густариши равобити Душанбе бо ин ду кишвари арабии ҳошияи халиҷи Форс баҳсу табодули назар шуд.

Ҳусайнзода дар ин дидор бо табрики таъйини онон ба унвони сафирони Иморот ва Уммон дар Тоҷикистон, барои онҳо дар ин масъулият орзӯи муваффақият кард.