Ҳамоиши гардишгарии Тоҷикистон ва Туркия
Март 02, 2022 21:12 Asia/Dushanbe
Истанбул мизбони ҳамоиши гардишгарии Тоҷикистон ва Туркия хоҳад буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, 3 март дар шаҳри Истанбул ҳамоиши гардишгарии Тоҷикистон ва Туркия баргузор мешавад.
Ин ҳамоиш бо ибтиокри сафорати Тоҷикистон дар Туркия, Вазорати фарҳанг ва гардишгарӣ ва Кумиати тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Пешбинӣ мешавад, ки дар ин ҳамоиши маҷозӣ 100 ширкати тоҷикӣ ва туркӣ ва коршиносон ва намояндагони вазоратхонаҳо ва ожонсҳои гардишкарии Тоҷикистон ва Туркия ширкат кунанд.