Фидон: Аврупо дар ҳоли дарки таҳдиди Исроил барои амнияти байналмилалӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125136-Фидон_Аврупо_дар_ҳоли_дарки_таҳдиди_Исроил_барои_амнияти_байналмилалӣ_аст
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, ки раҳбарони аврупоӣ дар ҳоли дарки таҳдиди режими Исроил барои минтақа ва амнияти байналмилалӣ ҳастанд.
(last modified 2026-07-11T09:35:59+00:00 )
Июл 11, 2026 14:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия
    Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия

Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, ки раҳбарони аврупоӣ дар ҳоли дарки таҳдиди режими Исроил барои минтақа ва амнияти байналмилалӣ ҳастанд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирна, Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия пас аз иҷлоси Нато ба рӯзномаи Нешнал гуфт: «Сиёсатҳои давлати Натаняҳу фақат мушкили мо нест, балки боре бар дӯши Тел-Авив, минтақа ва амнияти байналмилалӣ аст ва таҳдиде барои он маҳсуб мешавад».

Вай дар посух ба ин савол, ки оё ташдиди лаффозиҳои ахир метавонад ба рӯбарӯии мустақим байни Туркия ва режими Исроил мунҷар шавад, гуфт: Ҳеҷ тавҷиҳе барои як даргирии тамомъайёр вуҷуд надорад.

Фидон афзуд: Раҳбарони аврупоӣ дар ҳоли дарки таҳдиди Исроил ҳастанд, аммо ҳанӯз роҳе барои муқобила бо он пайдо накардаанд.

Вай ҳушдор дод, ки ҳаргӯна талош барои ҷилавгирӣ аз пешрафт дар Сурия мумкин аст ин вазъиятро тағйир диҳад.

Фидон идома дод: Мо мутмаин нестем, ки Исроил хоҳони дидани Сурияи босубот, қавӣ, мутаҳаввилшуда ва тавсеаёфта бошад.

Вай дар посух ба ин савол, ки оё режими Исроил дар талош барои бесубот кардани давлати Сурия аст, гуфт: Вақте ба улгуҳои рафтории кабинаи Исроил дар гузашта ва ҳол нисбат ба кишварҳои минтақа нигоҳ мекунед, посух мусбат аст.

Фидон бар лузуми афзоиши фишори байналмилалӣ бар режими Исроил барои итминон аз расидани кумакҳои башардӯстонаи бештар ба фаластиниҳо таъкид кард.

Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин гуфт: Замони он фаро расидааст, ки кишварҳои минтақа масъулияти мушкилоти худро бар уҳда бигиранд ва тааҳҳуди худро дар қиболи онҳо нишон диҳанд.