Мубодилоти бозаргонӣ бо Тоҷикистон ба 500 миллион евро мерасад
Вазири нефт бо баёни ин ки коргуруҳи энержии Эрон ва Тоҷикистон шакл гирифта аст, эълом кард сатҳи мубодилоти бозаргонии ду кишвар ба беш аз 500 миллион евро мерасад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии Вазорати нефт, Ҷаводи Авҷӣ, вазири нефти Эрон дирӯз чаҳоншанбе 11 исфандмоҳ пас аз дидор бо Далер Ҷемъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Ин нахустин сафари вазири энергетикаи Тоҷикистон ба Эрон аст ва гуфтугӯҳои хуб анҷом шуд.
Вазири нефти Эрон афзуд: Вазорати нефти Эрон дар баҳси судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва тавонмандиҳе, ки дар заминаи истихроҷ, кашф ва баҳрамандӣ аз майдонҳои нефт ва газ ва коркарди нефту газ дар полойшгоҳҳо ва дар ҳоли ҳозир маҳсулоти саноъати кимиё дорад, эъломи омодагӣ кард ва тавофуқҳои хуб ҳам дар ин заминаҳо доштем.
Авҷӣ бо баёни ин кин иншоаллоҳ Эрон дар баҳси тавсеаи майдонҳои нефт ва гази Тоҷикистон мушорикат хоҳад кард, гуфт: Дар пай матраҳ шудани дархости бозсозӣ ва навсозии полойшгоҳҳои нефти ин кишвар Эрон бо такя ба тавонмандиҳои ширкати миллии полойш ва пахши фаровардаҳои нефтӣ дар саноати полойш ба зудӣ гуруҳҳои фании худро ба кишвари дуст ва бародари Тоҷикистон эъзом мекунад то тавофуқҳо дар заминаҳои энергетика, нефт, газ ва саноати кимиё иҷроӣ шавад.
Вай бо ишора ба беҳбуд ва тавсеаи дипломатияи энергетика дар давлати сездаҳум, изҳор кард: Барои давлати мардумӣ ва сездаҳум ба вижа кишварҳои дуст ва бародар аз ҷумла Тоҷикистон бисёри қобили таваҷҷуҳ аст ва нахустин сафари хориҷии раиси ҷумҳурӣ низ ба ин кишвар буд, ки ҳудуди ҳашт санад ҳам дар онҷо имзо шуд ва барнома ин аст, ки сатҳи мубодилоти бозаргонӣ бо Тоҷикистонро ба беш аз 500 миллион евро бирасонем.
Вазири нефти Эрон ёдовар шуд: Музокироти аслии имрӯз бо вазири энергетикаи Тоҷикистон дар баҳси содироти фаровардаҳои нефтӣ ва судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ буд, ки қавл медиҳам Вазорати нефт ба зуди ин зарфиятро такмил кунад, аз сӯи дар баҳси омӯзиш дар ҳавзаи энергетикаи Тоҷикистон матолиби хуб матраҳ шуд, ки ширкати миллии нефти Эрон ҳам дар ин бора эъломи омодагӣ кард.
Вазири энергеика ва захоири обии Тоҷикистон ҳам дар идома гуфт: Мо дар чорчуби ин сафарҳо мабоҳиси чандҷониба аз ҷумла ҳамкорӣ дар бораи содироти нефти хом ба Тоҷикистон ва афзоиши муносиботи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ байни ду кишварро пайгири мекунем ва бешак мо бо ҳамкорӣ бо вазири нефти Эрон метавонем ҳамкориҳои ду кишварро тавсеа диҳем.
Далер Ҷумъа идома дод: Мо бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои арзандаи Эрон дар заминаҳои иктишоф ва тавлиди нефт ва газ мабоҳисеро матраҳ кардем, аз масоили дигари матраҳшуда мушовира дар заминаи такмили кормандони нефту газ буд ва ба воситаи ин ки Эрон яке аз шарикони бузурги маҳсулоти нефти ва газӣ натанҳо дар минтақа балки дар ҷаҳон аст ва ҷойгоҳи вижа дорад, мо мехоҳем ин масоил пайгирӣ ва гуруҳҳои коршиносӣ барои ин манзур ташкил шавад.